Ғалабаи ҳангомавии Ҷопон бар Испания
Бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми ҷаҳони футбол миёни бонувон ҷараён дорад. Дар бозии даври охири гурӯҳи “С” мунтахабҳои Ҷопон ва Испания ба ҳам омаданд. Вохӯрии мунтахабҳо дар варзишгоҳи “Скай Стэдиум”-и шаҳри Веллингтон баргузор гардида, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди “самурайҳо”-и ҷопонӣ ба анҷом расид.
Голҳоро дар ҳайати тими бонувони Ҷопон Ҳинита Мийазава дар дақиқаи 12-ум, 40-ум, Пико Уеки дар дақиқаи 29-ум ва Мина Танака дар дақиқаи 82-юм ба самар расониданд.
Бо ин ғалаба Ҷопон бо касби 9 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “С” мавқеъ гирифт. Испания бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Замбия бо 3 имтиёз дар зинаи 3-юм ва Коста – Рика бидуни имтиёз дар зинаи охири ҷадвал аст.
Ҳамин тавр, Ҷопон ва Испания дар гурӯҳи мазкур ба даври плей-офф роҳ ёфтанд.
