Ғалабаи Баҳодур бар Артем Пугач дар “RCC Boxing Fest”

Беҳтарин муштзани Тоҷикистон дар вазни миёна, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон Баҳодур Усмонов (6-0) дар мусобиқаи навбатии «RCC Boxing Fest » рӯзи 17-уми август бо Артем Пугач (2-4-2) аз Русия дар қувваозмоӣ кард.
Рақобати муштзанон дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардида, ҷолибу диданӣ паси сар шуд. Дар ҷараёни мубориза муштзани тоҷик фаъол буд ва зарбаҳояш ҳадафмандона ҷониби рақиб равона мегардиданд. Дар навбати худ Пугач ҳам баъзан маврид зарбаҳояш ба самти мушаххас зада мешуданд.
Ҳамин тавр, бо қарори якдилонаи доварон ғолибият насиби муштзани соҳибноми тоҷик Баҳодур Усмонов гардид. Артем Пугач бошад, дар ин мубориза ноком гардид.