Ғалабаи душвори “Марсел” муқобили “Лион”

Ғалабаи душвори “Марсел” муқобили  “Лион”

Дар доираи бозиҳои даври 24-уми Лигаи 1-и Фаронса дастаҳои “Марсел” ва “Лион” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Велодром”-и шаҳри Марсел дар ҳузури 66 225 нафар мухлис баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт.

Меҳмонон бозиро фаъол оғоз намуда, аллакай дар дақиқаи 3-юм тавассути голи Корентин Толиссо ба пеш баромаданд. Паси голиро Эндрик анҷом дод. Дар нимаи дуюм, аниқтараш дар дақиқаи 53-юм Игор Пайшао ҳисобро баробар кард ва умеди мухлисони “Марсел”-ро зинда намуд.

Бо вуҷуди ин, дар дақиқаи 76-ум Реми Имбер баъди боз як паси голии Эндрик “Лион”-ро дубора ба пеш баровард. Дар идома мизбонон таслим нашуданд ва дар дақиқаи 81-ум Пйер-Эмерик Обамеянг ҳисобро 2:2 кард ва дар дақиқаи 90+1 голи пирӯзиро ба самар расонда, дубл ба номи худ сабт намуд.

Ҳоло пас аз 24 давр “Лион” бо 45 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. “Марсел” бо 43 имтиёз дар ҷойи чорум мавқеъ гирифтааст ва рақобат барои зинаҳои болоии ҷадвал боз ҳам шиддат мегирад. “ПСЖ” бо 57 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда, “Лион” рӯзи 8 март дар майдони худ бо “Париж” бозӣ мекунад. “Марсел” рӯзи 7 март дар сафар меҳмони “Тулуза” хоҳад шуд.