Ғалабаи дуюми “Интер” дар Серияи А

Ғалабаи дуюми “Интер” дар Серияи А

Дар доираи бозиҳои даври дуюми чемпионати Италия дастаҳои “Каляри” ва “Интер” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Унипол Домус” –и шаҳри Каляри баргузор шуда, бо ҳисоби 0 бар 2 ба суди футболбозони шаҳри Милан анҷом ёфт.

Голҳоро дар ин бозӣ аз ҳайати “Интер” – Дензел Дамфрис ва Лаутаро Мартинес ба самар расониданд.

Ин ғалабаи дуюми дастаи “Интер” дар 2 даври мусобиқа маҳсуб мешавад. Ҳоло даста бо касби 6 имтиёз дар зинаи 3-юм аст. “Каляри” бо 1 имтиёз дар зинаи 15-ум аст. “Милан” бо 6 имтиёз ва тафовути тӯбҳо дар садри ҷадвали мусобиқот аст.

Ҳамакнун, дар даври оянда, рӯзи 3-юми сентябр “Интер” бо “Фиорентина” ва “Каляри” бо “Болоня” рӯзи 2-юми сентябр андари майдони рақобат мегарданд.