Ғалабаи дуюми “Реал” бар “Интер”

Ғалабаи дуюми “Реал” бар “Интер”

чемпионҳо бо иштироки дастаҳои шомили гурӯҳи “В” сурат гирифт. Бозӣ байни “Интер” ва “Реал Мадрид” дар варзишгоҳи “Ҷузеппе Меатса” доир шуда, бо ҳисоби 0:2 хотима ёфт.

Алакай дар дақиқаи 7-уми бозӣ меҳмонон имкон пайдо карданд, ки дар ҳисоб ба пеш бароянд. Барои қоидавайронкунии Николо Барелла бар зидди Начо довари англис Энтони Тейлор пеналтӣ гузошт ва онро Эден Азар бе хато иҷро кард. Ин аввалин голи ӯ бо пироҳанҳои дастаи “шоҳона” дар Лигаи қаҳрамонҳост. Сипас дар ҷараёни қисми якуми бозӣ боз як рӯйдоди дигар иттифоқ афтод, ки ба ҷараёни рақобат таъсири зиёд дошт. Артуро Видал дар 1 дақиқа 2 бор корти зард гирифт ва тарки майдон намуд. Корти сурхи ӯ нақшаҳои “нерадзури”-ро комилан вайрон кард. Мизбонон дар чунин вазъи душвор бозиро идома медоданд, аммо дар ҳаракатҳои шогирдони Антонио Конте ягон хавфу хатар ба дарвозаи Тибо Куртуа эҳсос намешуд.

Дар ҷараёни қсми дуюми бозӣ тағйиротҳои Зинидин Зидан кор доду Родриго голи дуюмро зад. “Интер” ҳар қадар кӯшиш кард, лекин баъд аз ин ба бозӣ баргашта натавонист. Мизбонон дар ин бозӣ як зарбаи рост доштанд, ки он ҳам пас аз дақиқаи 80-ум ба қайд гирифта шуд. Имшаб “Интер” дар баробари ҳарифи асосии худ дар гурӯҳ муқобилияти арзанда нишон дода натавонист. Бохти мазкур шонси дастаи Антонио Контеро барои баромадан ба даври баъдӣ комилан тира кард. Ҳоло онҳо бо 2 хол дар зинаи охирин қарор доранд. Мадридиҳо бо 7 имтиёз зинаи дуюми ҷадвалро банд мекунанд. Бозии даври оянда дар ин гурӯҳ байни дастаҳои “Шахтёр”-“Реал Мадрид” ва “Боруссия” Менхенгладбах-“Интер” 1-уми декабр сурат мегиранд.