Ғалабаи дуюми “Реал Сосйедад” дар соли 2025
Дар доираи бозиҳои даври 19-уми Ла Лигаи Испания дастаҳои “Реал Сосйедад” ва “Вилярреал” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Реал Арена”-и шаҳри Сан Себастяни Испания баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.
Ягона голи вохӯриро дар дақиқаи 51-уми бозӣ Такефуса Кубои ҷопонӣ аз ҳайати “Реал Сосйедад” ба самар расонид. Ирсоли голбахшро Микел Оярсабал марбути номи хеш намуд.
Ин дуюмин ғалабаи “Реал Сосйедад” дар соли 2025 аст. Даста дар бозии аввал дар соли нав бар тими “Понферрадина” дар Ҷоми Испания зафар ёфта буд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Реал Сосйедад” бо 28 имтиёз дар зинаи 7-ум аст. “Вилярреал” бо 30 имтиёз дар зинаи 5-ум мавқеъ гирифтааст. “Атлетико Мадрид” бо 44 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.