Ғалабаи муҳими Баҳодур Усмонов бар Макси Хюз дар Дубай

Ғалабаи муҳими Баҳодур Усмонов бар Макси Хюз дар Дубай

Дар шаҳри Дубайми Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи “Шоми бокс” таҳти унвони IBA Pro 13 баргузор шуд. Дар яке аз рақобатҳои марказӣ муштзани номвари тоҷик Баҳодур Усмонов ҳунарнамоӣ намуд.

Ба ҳамин тартиб, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар арсаи байналмилалӣ боз як пирӯзии муҳим ба даст оварда, ба марҳилаи навбатии роҳаш, сӯи унвони қаҳрамонии ҷаҳон наздик шуд.

Баҳодур Усмонов (12-0-0) дар рақобати даъвогарии қаҳрамонӣ “WBA Lightweight Title Eliminator” бо қарори доварон ғалабаро бар намояндаи Британияи Кабир Макси Хюз (24-8-2) ба даст овард.

Ин рақобат барои ҳарду муштзан аҳамияти хос дошт, зеро пирӯз дари мубориза барои унвони қаҳрамонии ҷаҳонро дар вазни сабук боз мекард.

Набард бо суръати баланд оғоз ёфта, дар тамоми раундҳо рақобати сахт мушоҳида мешуд. Макси Хюз, ки таҷрибаи бузург дар набардҳои сатҳи ҷаҳонӣ дорад, кӯшиш кард бо тактикаи фишоровар ва зарбаҳои пайдарпай бартарӣ ба даст орад. Аммо Усмонов бо ҳаракати зиракона, дифои устувор ва зарбаҳои дақиқ тавонист ҷараёни муборизаро зери назорати худ нигоҳ дорад.

Дар раундҳои миёна ва охир, муштзани тоҷик фаъолияташро боз ҳам афзуда, бо комбинатсияҳои муваффақ ва зарбаҳои самаранок бартарии худро равшан нишон дод. Ҳузури ҷисмонӣ, устувории равонӣ ва сатҳи баланди омодагии техникӣ имкон дод, ки Усмонов дар аксари лаҳзаҳо ташаббусро дар ихтиёр дошта бошад.

Пас аз анҷоми ҳамаи раундҳо, доварони рақобат бо қарори худ ғалабаро ба фоидаи Баҳодур Усмонов эълон карданд. Ин пирӯзӣ рекорди касбии ӯро то 12 рақобат бидуни бохт наздик намуд ва аҳамияти таърихӣ барои бокси Тоҷикистон дорад.

Бояд таъкид кард, ки мусобиқаи IBA Pro 13 яке аз чорабиниҳои сатҳи баланди бокси касбӣ ба ҳисоб рафта, дар он муштзанони пуртаҷриба аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок карданд. Ғалабаи Усмонов дар чунин саҳна бори дигар нишон дод, ки мактаби бокси тоҷик қодир аст дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад.

Бо ин муваффақият, Баҳодур Усмонов расман ба зумраи даъвогарони асосӣ барои рақобат бо унвони қаҳрамонии WBA дар вазни сабук ворид шуда, интизор меравад, ки дар ояндаи наздик имкони рақобати мустақим барои камарбанди қаҳрамонӣ барояш фароҳам гардад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Баҳодур Усмонов дар Душанбе бо қарори доварон намояндаи Камерун Кристофер Муафоро (11-2) мағлуб карда, унвони қаҳрамонии IBA.PRO Intercontinental-ро ҳимоя карда буд. Аз ин пеш бошад, дар муборизаи 10 раундӣ , барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон, Қаҳрамони Осиё, дорандаи камарбанди IBA.PRO Осиё - Баҳодур Усмонов бар Алберт Пагара (35-2, КО 24) аз Филиппин ғалаба карда, камарбанди қаҳрамонии WBA Gold дар вазни сабукро соҳиб шуда буд.