Ғалабаи мушкили “Манчестер Юнайтед”

Ғалабаи мушкили “Манчестер Юнайтед”

Дар даври 10-уми Премйер-лига “Манчестер Юнайтед” бо “Вест Бромвич” бозӣ кард. Рақобати дастаҳо дар майдони “Олд Траффорд” сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 1-0 ба фоидаи мизбонон хатм шуд. Рақобат аз оғоз барои “Юнайтед” мушкил паси сар гардида, то қисмати дуюм мизбонон гол зада наметавонистанд. Дарвозабони “Вест Бромвич” Ҷонстон дар ҷараёни бозӣ якчанд сейви олиро анҷом дод. Дар дақиқаи 56-ум ба Бруну Фернандеш муяссар гардид, ки аз пеналти гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин кунад. Баъди ин пирӯзӣ МЮ ба зинаи нуҳуми ҷадвал баромад.