Ғалабаи мушкили “Сипар” дар бозии якуми финалӣ

Ғалабаи мушкили “Сипар” дар бозии якуми финалӣ

Имрӯз, 17-уми октябри соли 2020 нахустин бозии финали Лигаи футзали Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор шуд. Дар он дастаҳои “Сипар” (Хуҷанд) ва “Соро Компания” (Душанбе) рақобат карданд. Ҳисобро дар оғози қисми дуюми бозӣ Некрӯз Алимаҳмадов кушод. Мизбонон танҳо дар дақиқаи охири рақобат бо истифода за пеналти ҳисобро баробар карданд. Голро Дилшод Саломов ба ҳадаф расонд.

Дар ду қисми изофӣ ҳисоб бетағйир боқӣ монд ва ғолиб дар силсилазарбаҳои пеналти муайян шуд. Зимни иҷрои зарбаҳо Идрис Ёров ба иштибоҳ роҳ дод ва ҳамин тавр “Сипар” бо ҳисоби 4-3 дар силсилазарбаҳои пеналти ғолиб шуда дар ин силсила ба пеш барояд. Пагоҳ, 18-уми октябр баргузории бозии дуюм дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки рақобатҳо то се пирӯзии яке аз ин даста идома меёбад.