Ғалабаи «Нюкасл» дар бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Лигаи Англия

Ғалабаи «Нюкасл»  дар бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Лигаи Англия

Дар бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Лигаи Англия «Нюкасл» дар меҳмонӣ бар «Саутгемптон» бо ҳисоби минималӣ ғалаба кард.

Тақдири вохӯриро голи ягонаи Жоелинтон дар дақиқаи 73-юм  онро ба номи худ сабт кард.

Армстронг дар дақиқаи 75-ум аз ҳайати «Саутгемптон»  голи ҷавобиро ба самар расонид. Лек бинобар ба дасти  худи бозигар расидани тӯб гол лағв карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 31-уми январ баргузор мегардад.

Ҷоми Лигаи Англия  | Даври 1/2 – ниҳоӣ  | Бозии аввал

«Саутгемптон» – «Нюкасл» 0:1

Гол: Жоэлинтон, 73

«Саутгемптон»: Базуну, Уокер-Питерс (Беднарек, 88), Чалета-Тсар, Войнович, Салису, Уорд-Проуз, Диалло (Лавиа, 82), Ҷенепо (Армстронг, 45), Алкарас, Оршич (Эдози, 57), Мара (Адамс, 57).

«Нюкасл»: Поуп, Триппйер, Шер, Ботман, Берн, Бруно Гимараэс, Лонгстафф, Уиллок (Сен-Максимен, 67), Алмирон (Мерфи, 78), Уилсон (Исак, 67), Жоэлинтон.

Огоҳӣ гирифтанд: Чалета-Тсар, Алкарас, Уорд-Проус, Уокер-Питерс, Войнович, Салису – Триппйер, Сен-Максимен, Бруно Гимараэс

Корти сурх гирифт: Чалета-Тсар