Ғалабаи Русия бар мунтахаби Ӯзбекистон

Ғалабаи Русия бар мунтахаби Ӯзбекистон

Дар гурӯҳи В-и Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал миллипӯшони Русия ҳамтоёни худро аз Ӯзбекистон шикаст доданд. Ҳисоби бозиро ҳамлагари бразилитабори тими миллии Русия - Робинё боз намуд. Баъдан ба Артём Ниёзов низ даст дод, ки муаллифи гол шавад ва ҳисоби бозиро дуболо кунад. Дар қисми дуюми вохӯрӣ яккачини Ӯзбекистон ба худ омада, ба голҳои онҳо ҷавоб доданд. Аввалан Даврон Чориев дар ибтидои қисми дуюми бозӣ ҳисоби бозиро 2:1 намуд. Баъдан Маград Одилов аз нимкатҳои захиравӣ ба майдон баромада, мувозинатро баробар кард. Аммо миллипӯшони Русия бо ин натиҷа иктифо накарда, ба ҳамла гузашт ва бо кӯшиши беҳтарин бозигаронаш ду голи дигарро вориди дарвозаи Элибоев намуданд. Муаллифи ҳар ду гол Артём Ниёзов гашта дар умум дар ин бозӣ муаллифи хет-трик гардид. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни мунтахабҳои Миср ва Гватемала бо ҳисоби 6:3 бар суди мисриҳо хотима ёфт.  

Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал. Марҳилаи гурӯҳӣ. Бозии 2-юм

Гурӯҳи B

Ӯзбекистон — Русия — 2:4 (0:2)

Голҳо: Чориев, 21. Одилов, 28 — Робинё, 10. Ниёзов, 11, 35, 35.