Ғалабаи таърихии Андорра

Ғалабаи таърихии Андорра

Мунтахаби Андорра дар марҳилаи муқаддамотии чемпионати Аврупо бар тими Молдова пирӯз гардид (1:0). Барои Андорра ин аввалин пирӯзӣ дар таърихаш дар бозиҳои интихобии чемпионати Аврупо ба ҳисоб меравад. Қабл аз ин ғалабаи худ андорагиҳо дар 56 рақобаташон сарафканда гардида буданд. Баъди муваффақияти мазкур Андорра бо касби се имтиёз дар мақоми панҷум қарор дорад.