Ғалабаи тими бонувони Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бар Арабистони Саудӣ

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Юсуф Рабиев дар бозии дӯстона, ки дар Ҷидда баргузор шуд, боз ҳамсолони худ аз Арабистони Саудиро шикаст дод.
Тими бонувони ҷавони мо ин дафъа бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Муаллифи голи ягона Нозия Абдуғаффорова гардид. Нозия аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромада, дар дақиқаи 90+5-уми бозӣ голи ғалабаоварро ба самар расонид.
Қаблан, тими бонувони мо дар нахустин бозии дӯстона бар ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буданд.
Бояд гуфт, ки даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8 то 16 марти соли оянда баргузор мешавад. Ҳарифони мунтахаби мо дертар муайян мегарданд.