Ғалабаи “Ювентус” дар бозии аввали даври ½-ниҳоии Ҷоми Италия муқобили “Латсио”

Ғалабаи “Ювентус” дар бозии аввали даври ½-ниҳоии Ҷоми Италия муқобили “Латсио”

Дар Турин бозии аввали марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Италия ба анҷом расид. «Ювентус» дар Турин муқобили «Латсио» бо ҳисоби 2 бар 0 зафар ёфт.

Ҳарду гол дар қисми дуюм зада шуд. Федерико Кйеса дар дақиқаи 50-ум ва Душан Влахович дар дақиқаи 64-ум гол заданд.

Бошгоҳи «Ювентус» рекорддори ғалаба дар Ҷоми Италия (14) мебошад. «Латсио» 7 бор соҳиби Ҷом шудааст.

Бозии ҷавобӣ 23 –юми апрел дар Рим баргузор мешавад.