Ҷалби ҷавонону наврасон ба гӯштини тарзи озод

Ҷалби ҷавонону наврасон ба гӯштини тарзи озод

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Кӯлоб мусобиқа гӯштини тарзи озод оғоз гардид. Зимни ифтитоҳи мусобиқа аз ҷониби масъулини соҳа қайд гардид, ки воқеан ҳам гӯштини тарзи озод яке аз намудҳои гӯштинест, ки дар байни наврасон ва ҷавонони мамлакат маҳбубияти хоса дошта, шумораи зиёди варзишгарони наврасу ҷавон дар ин риштаи варзиш машқу тамрин мекунад. Дигар баромадкунандагон иброз доштанд, ки дар баробари баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва дӯстиву рафоқат миёни варзишгарон дар ҷамбаст аз миёни ин наврасон чеҳраҳои нави варзишро дарёфт карда, ба дастаи яккачини мамлакат шомил менамоянд. Мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз идома мекунад, ки дар рӯзи аввал варзишгарон аз рӯи панҷ вазн неруозмоӣ мекунанд.

Зимнан дар ин мусобиқа варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳам омада баҳри дарёфти роҳхат ба мусобиқаҳои байналмилалӣ талош меварзанд. Бинобар иттилоъи сардовари мусобиқа дар рӯзи аввали нерусанҷиҳо асосан варзишгарони дастаи Хатлон-2, шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд аз худ маҳорату малакаи баланди варзишӣ нишон дода ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ даст ёфтанд. Дар фарҷоми ин тадбири варзишӣ ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо нишону дипломи кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ва туҳфаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб шарафёб мегарданд.