Алекс Перейра бо қарори ҷудогонаи доварон Ян Блаховичро мағлуб намуд

Шаби 30-юми июл дар Солт-Лейк-Ситии Амрико силсиларақобатҳои UFC 291 доир шуданд, ки дар яке аз муҳорибаҳои он собиқ қаҳрамони UFC дар вазни миёнаи сангин Ян Блаховичи полшагӣ ва собиқ дорандаи ҷоиза дар вазни миёна Алекс Перейра ба ҳам омаданд.
Муҳориба се раунд идома ёфта, бо пирӯзии Перейра тариқи қарори ҷудогонаи доварон хотима ёфт.
Дар маснади касбии Блахович 29 пирӯзӣ, даҳ бохт ва як мусовӣ буда, Перейра бошад соҳиби омори ҳашт пирӯзӣ ва ду бохт дар ММА мебошад.