Александр Усик баъд аз боздошташ дар фурудгоҳи Лаҳистон
Собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс, дар вазни сангин,Александр Усик дар бораи боздошташ дар фурудгоҳи Кракови Лаҳистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар кард.
“Ҳамааш хуб аст, ман озод шудам, шукр. Ман ба дипломатҳо ташаккур мегӯям”.
Қаблан маълум шуд, ки Александр Усики 37-сола аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фурудгоҳи шаҳри Кракови Лаҳистон боздошт шудааст. Тавре расонаҳо хабар доданд, сабаби боздошташ эътирози варзишгар дар вақти парвоз будааст.