Ҷалилов: “Ба мавсими имсолаи Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё омодагии ҷиддӣ дидаем!”

Ҷалилов: “Ба мавсими имсолаи Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё омодагии ҷиддӣ дидаем!”

Дирӯз дар нишастии пеш аз бозии дастаҳои “Истиқлол” –и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бозигари дастаи “Истиқлол” – Алишер Ҷалилов ба суолҳои рӯзноманигорон посух дода, интизориҳояшро оиди ин бозӣ баён кард.

- Сараввал мехоҳам ҳамагонро бо оғози мавсими навли Лигаи қаҳрамонҳо табрик гуям. Ин мусобиқаи хело бонуфуз ҳаст ва ҳама дастаҳои қораи Осиё ҳаракат мекунанд, ки дар ин рақобатҳо иштирок кунанд.

Мо ба ин мусобиқа омодагии ҷиддӣ дидаем, ҳама қувваю маҳорати худро баҳри ба даст овардани натиҷаҳои мусбат сарф хоҳем намуд. Бори аввал аст, ки вохуриҳои марҳилаи гурӯҳи дар Тоҷикистон баргузор мегардад ва ин моро водор менамояд дар назди мухлисони хеш як бозии хубу диданиро нишон диҳем.”

Ёдовар мешавем, ки бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” дар доираи марҳилаи аввали гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё имрӯз 19-уми сентябр соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.