Ҷалилов ва Черевченко беҳтаринҳои моҳи август дар Лигаи Олӣ

Сарвони “Истиқлол” Алишер Ҷалилов, ки дар ду дидори моҳи гузашта беҳтарин бозигар дар майдон эътироф гардида, ду голи дигар ба самар расонд, беҳтарин футболбози август дониста мешавад.
“Истиқлол” зери роҳбарии Игор Черевченко бошад дар чор дидори Лигаи олӣ дар моҳи гузашта се пирӯзӣ ба даст оварда, як бозии дигарро мусовӣ ба анҷом расонид. Инчунин “Истиқлол” ба марҳилаи 1/2-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 роҳхат пайдо намуд.
Ҷоизадорони Лигаи олӣ аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ ҳар кадоме қадрдонӣ мешаванд.