Алимаҳмадов ва Шарипов аз “Соро компания” ба “Истиқлол” гузаштанд
Қаҳрамони Суперлигаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» ҳайати худро бо ду узви дастаи тими миллии Тоҷикистон мустаҳкам кард. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст.
Ба ҳайати дастаи “Истиқлол” Некруз Алимаҳмадов ва Муҳаммад Шарипов гузаштанд, ки таи чанд мавсими охир шарафи тими «Соро компания»-ро ҳимоя мекарданд.
Шартнома бо бозингарони нав то охири мавсими имсола имзо шуд.
Ҳарду бозигар ҳоло дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё оид ба футзал, ки дар Таиланд оғоз мегардад, омодагӣ мебинанд.