Алишер Шукуров ба ҳайати “Истиқлол” пайваст
Бошгоҳи футболи «Истиқлол» аз ҷалби нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Алишер Шукуров расман хабар дод. Алишер Шукуров пеш аз ин дар ҳайати бошгоҳи «Қизилқум»-и Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекард ва дар чемпионати ҳамсоя ҳамчун яке аз нимҳимоятгарони боэътимод баромад дошт. Акнун ӯ ба «Истиқлол» гузашт, то дар рақобатҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба даста кӯмак расонад.
Ёдовар мешавем, ки охирин бошгоҳи Шукуров дар Лигаи олии Тоҷикистон дастаи «Хуҷанд» буд. Бозии босифат, таҷрибаи байналмилалӣ ва ҳузури доимӣ дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ӯро ба яке аз футболбозони калидии футболи кишвар табдил додааст.
Интизор меравад, ки ҳамроҳшавии Алишер Шукуров хатти нимҳимояи «Истиқлол»-ро боз ҳам пурқувват намуда, ба даста дар роҳи мубориза барои унвони қаҳрамонии Тоҷикистон ва инчунин иштироки бомуваффақият дар мусобиқаҳои байналмилалӣ кӯмак расонад.
Мухлисони «Истиқлол» умедворанд, ки Шукуров ҳарчи зудтар ба ҳайати асосӣ мутобиқ шуда, бо бозии муассири худ дар натиҷаҳои даста саҳми назаррас мегузорад.