Алишер Шукуров бозигари “Вахш” шуд!

Алишер Шукуров бозигари “Вахш” шуд!

Дастаи "Вахш"-и шаҳри Бохтар футболбози тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи "Динамо"-и Тифлис - Алишер Шукуровро ба таври иҷора ба ҳайати худ ҷалб кард. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Бохтар хабар додааст.

Акнун Шукуров давоми 6 моҳ бо пироҳани "Вахш" ба майдон мебарояд.

Ҳоло Алишер бо ҳайати дастаи "Вахш" дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ, дар мавзеи зебоманзари Сафед-Дара қарор дорад.