Алишер Тӯхтаев беҳтарин мураббии моҳи сентябр эътироф гардид!

Алишер Тӯхтаев беҳтарин мураббии моҳи сентябр эътироф гардид!

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи «Истиқлол» - Алишер Тӯхтаев беҳтарин мураббии моҳ дар моҳи сентябр эътироф гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои моҳи сентябр сармураббии дастаи «Истиқлол» -Алишер Тӯхтаев аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтарин мураббии моҳ дониста шуд. Бояд қайд кард, ки моҳи август низ Тӯхтаев мураббии беҳтарини моҳ дониста шуд буд.

Бошгоҳи «Истиқлол» дар моҳи сентябр дар Лигаи олӣ ду бозӣ гузаронида, ду пирӯзӣ ба даст овард. Ҳамчунин, тими пойтахт дар нахустин бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар «Эсхата» пирӯз шуд.

Қобили зикр аст, ки барандагони лигаи олӣ аз Лигаи футболи Тоҷикистон ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ карда мешаванд.