Алиссон Беккер ба тамринҳои “Ливерпул” баргашт

Алиссон Беккер  ба тамринҳои “Ливерпул” баргашт

Сармураббии дастаи «Ливерпул» - Арне Слот гуфт, ки дарвозабони бразилӣ Алиссон Беккер пас аз ҷароҳат ба тамринҳои бошгоҳ баргаштааст.

Дарвозабони 31-солаи бразилӣ бар асари осеб дар бозиҳо бо «Борнмут» (3:0) ва «Вест Хэм» (5:1) иштирок накард.

“Ман фикр мекунам, ки ӯ омода аст баргардад. Алиссон дирӯз қисман бо гурӯҳи умумӣ тамрин кард ва имрӯз ӯ бояд дар тамринҳо пурра ширкат варзад. Аз ин рӯ, мо фикр мекунем, ки он дастрас хоҳад буд ”- гуфтааст, сармураббии “Ливерпул” – Арне Слот.

Ёдовар мешавем, ки “Ливерпул” дар бозии даври 7-уми ПЛА рӯзи 28-уми сентябр дар сафар бо “Вулверҳэмптон” бозӣ мекунад.