Алкарас ба даври нимниҳоии мусобиқаи Индиан-Уэллс роҳ ёфт

Теннисбози аргентинӣ Франсиско Серундоло баромади худро дар мусобиқаи ATР -1000 дар Индиан-Уэллс –и ИМА анҷом дод. Серундоло дар бозии чорякфинал аз намояндаи Испания Карлос Алкарас бо ҳисоби 3:6, 6:7 (4:7) мағлуб шуд.
Алкарас дар бозии имрӯза панҷ эйс дошт, ҳамон қадар хатои дукарата ва дуто брейк-поинтро аз се ҳолат ба даст овардааш баргардонд. Серундоло як эйс, чор хатои дукарата ва як брейк-поинт баргардонидашуда аз нӯҳторо ба даст овард.
Дар даври баъдӣ Алкарас бо Ҷек Дрейпер, ки намояндаи Британияи Кабир аст, бозӣ хоҳад кард. Бозӣ фардо, 15-уми март баргузор мешавад.
Дар бозии дигари нимниҳоӣ Даниил Медведев бо Ҳолгер Руне бозӣ хоҳад кард.