Алкарас ба даври сеюми Australian Open -2024 баромад!
Ракеткаи дуюми ҷаҳон Карлос Алкарас дар даври дуюми мусобиқоти кушоди Австралия-2024 пирӯзӣ ба даст овард. Теннисбози ҷавони испанӣ дар як бозии ҷолиб бар ракеткаи 43-юми ҷаҳон, Лоренсо Сонегои итолиёвӣ музаффарият ба даст овард.
Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 3 соату 25 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:4, 6:7 (3:7), 6:3, 7:6 (7:3) ба фоидаи Алкарас анҷом ёфт. Рақиби Алкарас дар даври баъдӣ Шан Юнчени 18-солаи чинӣ хоҳад буд, ки дар раддабандии ATP дар мақоми 140-ум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Алакараси 20 сола дар тенниси касбӣ бозии 200-умашро доир кард. Мусобиқаи Australian Open -2024 дар Мелбурн то 28-уми январ идома меёбад.