Алкарас ба даври сеюми мусобиқаи Rolland Garros 2023 баромад

Алкарас ба даври сеюми  мусобиқаи Rolland Garros 2023 баромад

Теннисбози 20 солаи  испанӣ Карлос Алкарас  (ракеткаи  1-уми ҷаҳон) дар даври дуюми   мусобиқаи Rolland Garros 2023  ба осонӣ  муқобили  Таро Дэниел  (ракеткаи 112 - уми ҷаҳон)  зафар ёфта, ба даври сеюм роҳ ёфт.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 2 соату 27   дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:1, 3:6, 6:1, 6:2   ба суди Алкарас   анҷом ёфт.

Ҳамакнун, дар даври сеюм  теннисбозӣ испанӣ  муқобили Денис Шаповалов (ракеткаи 32-юми ҷаҳон) аз Канада  сабқат мекунад. Вохӯрии теннисбозон рӯзи 2-юми июн  доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Rolland Garros 2023  аз 22-юми май  то 11-уми июн  дар шаҳри Парижи Фаронса  баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии мусобиқа   49 600 000 евроро ташкил медиҳад.