Алкарас бо ғалаба мусобиқаи ATP-500 дар Пекинро оғоз кард

Алкарас бо ғалаба мусобиқаи ATP-500 дар Пекинро оғоз кард

Ракеткаи сеюми ҷаҳон, теннисбози испанӣ Карлос Алкарас дар мусобиқаи ATP-500 дар Пекини Чин ба даври дуюми мусобиқа роҳ ёфт. Алкарас дар даври аввал бар ракеткаи 51-уми ҷаҳон Ҷованни Мпетчи Перрикараи фаронсавӣ зафар ёфт.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 22 дақиқа давом карда, дар ду сет – 6:4, 6:4 ба фоидаи Карлос Алкарас анҷом ёфт.

Ҳамакнун, Алкарас дар даври дуюми мусобиқоти Чин бо ракеткаи 39-уми ҷаҳон Таллон Грикспур аз Нидерланд вомехӯрад.

Қобили зикр аст, ки аз 26-уми сентябр то 2-юми октябри соли 2024 дар Пекин яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои ATP 500 баргузор мешавад, ки дар он чаҳор теннисбоз аз 6-тои беҳтарин - рақами яки ҷаҳон Янник Синнер, Карлос Алкарас, Даниил Медведев ва Андрей Рублев бозӣ мекунанд. Ғолиби феълии мусобиқаи мазкур Янник Синнери итоливӣ маҳсуб мешавад.