Алкарас дар се сет Тситсипасро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт
Ракеткаи якуми ҷаҳон Карлос Алкараси 20 сола аз Испания дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи Rolland Garros 2023 муқобили ракеткаи 5-уми ҷаҳон Стефанос Тситсипаси 24 сола аз Юнон пирӯз шуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёбад.
Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 2 соату 15 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:2, 6:1, 7:6 (7:5) ба суди Алкарас анҷом ёфт.
Ҳамакнун, дар даври нимниҳоӣ Карлос Алкарас бо ракеткаи сеюми ҷаҳон - Новак Ҷоковичи беҳмато, баҳри роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқа мубориза мебарад. Вохӯрии теннисбозон рӯзи 9-уми июн доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Rolland Garros 2023 аз 22-юми май то 11-уми июн дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии мусобиқа 49 600 000 евроро ташкил медиҳад.