Алкарас: “Ман фикр мекунам, ки ҳоло рақиби асосии Ҷокович ҳастам...”

Алкарас: “Ман фикр мекунам, ки ҳоло рақиби асосии Ҷокович ҳастам...”

Қаҳрамони дукаратаи мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург”, аввалин ракеткаи ҷаҳон теннисбози испанӣ Карлос Алкарас гуфт, ки дар пайи натоиҷи мусобиқоти Мастерс дар Тсинтсиннатии ИМА метавонад дар раддабандии ATP зинаи аввалро аз даст диҳад. Испониёро метавонист Новак Ҷоковичи серб иваз кунад.

“Ман ин гуна рақобатҳоро дӯст медорам. Ман мехоҳам дарк кунам, ки ман метавонам мавқеи аввалро дар рейтинг аз даст диҳам, аммо ҳамзамон онро баргардонам. Албатта, шумо бояд аз лаҳзае, ки бо яке аз афсонаҳои теннис Новак бозӣ мекунед, лаззат баред. Ман фикр мекунам, ки ҳоло ман рақиби асосии ӯ ҳастам. Ин ба ман лаззат мебахшад ва кӯшиш мекунам, ки аз ин рақобатҳо таҷриба касб намоям.

Шумо бояд дар мавсим ва дар ҳар як мусобиқа барои худ ҳадафҳо гузоред. Ҳоло ҳадафи асосии ман - ракеткаи якуми ҷаҳон мондан аст. Агар ман ин мавқеъро аз даст додам, ҳарчи зудтар онро кӯшиш мекунам, ки баргардонам. Ин ба ман кӯмак кард, ки беҳтарин тенниси худро дар мусобиқаҳои калон нишон диҳам” –фишурдае аз суханони Алкарасро хадамоти матбуотии ATP иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки Карлос Алкараси ҷавон муқобили Новак Ҷоковичи беҳамто ва соҳибтаҷриба дар мусобиқаи «Уимблдон» зафар ёфта, ғолиби мусобиқа гардида буд. Бо ин ғалаба, Алкарас исбот кард, ки ӯ беҳуда ракеткаи якуми ҷаҳон нест. Карлос Алкарас баъди пирӯзӣ дар «Уимблдон» дуюмин ҷоизаи «Тоскулоҳи бузург»-ро дар маснади варзишӣ моли худ кард.