Алкарас вобаста ба ҷароҳат сабқати тенниси Рио-де-Жанейроро тарк намуд

Алкарас вобаста ба ҷароҳат сабқати тенниси Рио-де-Жанейроро тарк намуд

Теннисбози испанӣ, ракеткаи дуюми ҷаҳон Карлос Алкарас ба даври дуюми сабқати тенниси ATP-500 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) баромада натавонист. Дар даври аввал ӯ бо намояндаи Бразилия Тяго Монтейро (118-умин ракеткаи ҷаҳонӣ) дидор кард, вале вобаста ба ҷароҳат бозиро анҷом дода натавонист. Дар ин бора ATP Tour хабар медиҳад.

Рио-де-Жанейро. Даври 1-ум

21-уми феврали соли 2024, чоршанбе. 05:45 ДШБ

Карлос Алкарас (Испания) 0 : 2Rt Тяго Монтейро (Бразилия)

Тибқи иттилоъи сарчашма Алкарас аллакай дар гейми аввал ҷароҳати пошна бардошт, вале бозиро идома дода тавонист ва боз ҳам пояш тоб хӯрд. Бо кумаки Монтейро испанӣ ба нишастгоҳ рафту духтурон барояш ёрии тиббӣ расониданд.

Давомнокии вохӯрӣ ҳамагӣ 18 дақиқаро ташкил дод. Ҳисоб дар ҳолати боздоштани бозӣ 1:1 дар сети аввал буд.

Ҳамин тариқ, дар даври баъдии мусобиқа Тяго Монтейро бо бразилии дигар Фелипе Мелигени Родригес Алвес (ракеткаи 151-уми ҷаҳон) дидор анҷом медиҳад.

Мусобиқа дар Рио-де-Жанейро аз 19-ум то 25-уми феврал идома ёфта, фонди ҷоизавии он дар рақобатҳои инфиродии мардона 2 100 230 долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамони феълии ин мусобиқа Кэмерон Норрии британӣ мебошад, ки дар сабқати финалӣ бар Карлос Алкараси испанӣ бо ҳисоби   5:7, 6:4, 7:5 пирӯз шуда буд.

Муаллиф: Имомбек Шанбиев