Ҳалокати 174 нафар дар Индонезия. Бозии футбол бо фоҷиа анҷомид!

Ҳалокати 174 нафар дар Индонезия. Бозии футбол бо фоҷиа анҷомид!

1-уми октябр бозӣ миёни дастаҳои “Арема” ва “Персебая” дар чемпионати Индонезия бо фоҷиа анҷомид.  Ин ҳодиса пас аз шикасти тими мизбон –“Арема” бо ҳисоби 2 бар 3 аз дастаи “Персебая” ба вуқуъ пайваст.

Дар натиҷаи ошӯб дар майдони футбол дар Индонезия 174 нафар ҷон бохта, даҳҳо кас захмӣ шудаанд.

Ҳаводорони тими "Арема" шишаи обро ба сӯи бозигарон партофта, ба майдон дохил шуданд. Пулиси зидди шӯриши Индонезия бо истифода аз гази ашковар хост, мардуми хашмгинро пароканда кунад.

Мақомот мегӯянд, мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад, чун вазъи шуморе аз захмиён вазнин аст. Дар бораи кушта шудани камаш ду афсари пулис низ иттилоъ дода шудааст.

Ин ҳодиса яке аз бадтарин фоҷеаҳои варзишӣ дар ҷаҳон хонда шудааст. Пеш аз ин, дар бозии муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳон-1996 миёни Гватемала ва Коста-Рика воқеаи монанд рух дода буд. Дар он ҳодиса беш аз 80 нафар кушта ва сад каси дигар захмӣ шуд.

Эҳтимол аст, ки нисбати ин ҳаводис дар самти варзиши  Индонезия таҳримҳо ҳам раводида шаванд.