Алонсо аз “Астон Мартин” 40 млн евро талаб мекунад

Алонсо аз “Астон Мартин” 40 млн евро талаб мекунад

Бино ба гуфтаи рӯзноманигор Марк Лимаче қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва ронандаи дастаи “Астон Мартин” Фернандо Алонсо ҳангоми тамдиди шартномааш бо дастаи бритониёӣ ба афзоиши маош умед мебандад.

"Ман шунидам, ки Фернандо Алонсо аз “Астон Мартин” барои тамдиди шартномааш барои солҳои 2027 ва 2028 маоши 40 миллион евро дар як мавсим талаб мекунад." – навиштааст Лимаче дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Дастаи бритониёӣ айни замон ба ӯ 30 миллион евро дар як сол пардохт мекунад.

Қобили зикр аст, ки ҳамин манбаъ қаблан хабар дода буд, ки “Уилямс” ба ронандаи даста Карлос Сайнз, шартномаи нав бо маоши беш аз 30 миллион евро дар як мавсим пешниҳод кардааст.

Қаблан, сармураббии дастаи “Астон Мартин” Адриан Нюи изҳор дошт, ки нигоҳ доштани Алонсо барои даста муҳим аст.