Алварес дар пасманзари низоъ бо “Атлетико” оиди ояндааш қарор қабул кард

Алварес дар пасманзари низоъ бо “Атлетико” оиди ояндааш қарор қабул кард

Ҳамлагари бошгоҳи испании “Атлетико Мадрид” Хулиан Алварес тасмим гирифтааст, ки дар бошгоҳ бимонад, хабар медиҳад рӯзноманигор Белен Санчес Гарсия дар шабакаҳои иҷтимоии X. Ба гуфтаи манбаъ ҳамлагар пешниҳоди “Арсенал” ва якчанд тимҳои дигарро рад кардааст. Бозигари аргентинӣ қаблан аз “Атлетико” хоҳиш карда буд, ки ӯро ба “Барселона” фиристад, аммо "ҳиндувониҳо" аз гуфтушунид бо “каталониҳо” худдорӣ карданд.

Мавсими гузашта Алварес дар 49 бозӣ дар сафи тими шаҳри Мадрид 20 гол зада, нӯҳ партофти голӣ ба омор гирифт. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Алварес ин далелро қабул кардааст, ки тобистони имсол “Атлетико”-ро тарк намекунад ва ба тамринҳои даста баргаштааст.