Алварес рӯзи сеюм паиҳам дар тамринҳои “Атлетико” ширкат намекунад — Mundo Deportivo
Ҳамлагари аргентинӣ Хулиан Алварес рӯзи сеюм паиҳам дар тамринҳоии “Атлетико Мадрид” ширкат намекунад, хабар медиҳад Mundo Deportivo.
“Атлетико” набуди бозигарро ба бемории Алварес нисбат дод. Ин вазъият таваҷҷӯҳро дар ҷомеаи футбол аз сабаби овозаҳо дар бораи он ки аргентинӣ мехоҳад тими феълияшро тарк кунад, ба вуҷуд овард. Қаблан, директори генералии бошгоҳи шаҳри Мадрид Мигел Анхел Хил ба таври ногаҳонӣ кӯшишҳои “Барселона”-ро барои ба даст овардани ин ҳамлагар рад кард. Бино ба маълумоти нашрияи Копе худи Алварес аз вазъияти марбут ба фаъолияти ӯ дар тобистони имсол сахт нигарон аст.
Рӯзи якшанбе, 23-юми август Алварес бори аввал ин мавсим дар сафи “Атлетико Мадрид” бозӣ кард ва бо вокуниши манфии мухлисон рӯбарӯ шуд. Мухлисон ӯро дар масири кулли бозӣ бо "Виллярреал" ӯро дашном медоданд.