Алваро Арбелоа ба ҳайси сармураббии “Реал Мадрид” корро оғоз намуд

Алваро Арбелоа ба ҳайси сармураббии  “Реал Мадрид” корро оғоз намуд

Мутахассиси 42 солаи испанӣ Алваро Арбелоа ба вазифаи сармураббии “Реал Мадрид” таъйин шуд ва имрӯз аллакай бо даста ба тамринҳо оғоз намуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Мадрид хабар додааст.

Муҳлати шартнома бо мутахассиси 42-сола ҳанӯз мушаххас нашудааст. Арбелоа дар ин вазифа Хаби Алонсоро иваз кард, ки истеъфояш рӯзи душанбе эълон шуда буд. Аз моҳи июни соли 2025 Арбелоа сармураббии “Кастиля” — дастаи дуюми “Реал” буд.

Арбелоа дастпарвари академияи “Реал” мебошад. Дар ҳайати даста ӯ қаҳрамони Испания гардида, ду маротиба Ҷоми Испания ва ду маротиба Лигаи чемпионҳоро ба даст овардааст. Ҳамчунин, ӯ соҳиби Суперҷоми Испания ва Суперҷоми УЕФА низ шудааст.