Ҳама иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии ЛЧ муайян шуданд

Бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳо ба анҷом расиданд. Дастаҳои «Бавария» (Олмон), «Милан» (Италия), «Челси» (Англия), «Бенфика» (Португалия), «Манчестер Сити» (Англия) , «Интер» (Италия) , «Реал Мадрид» (Испания) ва «Наполи» (Италия) ба даври чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфтанд.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз соли 2006 аввалин бор 3 дастаи Италия дар даври чаҳорякниҳоии ЛЧ иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳ 17-уми март маросими қуръакашии мусобиқа соати 16:00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.