Ҳама иштирокчиёни марҳилаи ҳаштякниҳоии ЛЧ муайян шуданд

Ҳама иштирокчиёни марҳилаи ҳаштякниҳоии ЛЧ муайян шуданд

Бозиҳои гузаришии марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳои мавсими 2025/2026 ба анҷом расиданд. Бо ин тартиб, ҳамаи дастаҳое, ки тавассути марҳилаи гузаришӣ ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқаи мазкур роҳ ёфтанд, муайян шуданд.

Дар бозиҳои гузаришӣ дастаҳои “Нюкасл Юнайтед”, “Атлетико Мадрид”, “Будё-Глимт”, “Байер”-и Леверкузен, “ПСЖ”, “Галатасарой”, “Реал Мадрид” ва “Аталанта” пирӯз шуданд.

Пештар, бар асоси натиҷаҳои марҳилаи умумӣ, ба даври 1/8 ниҳоӣ дастаҳои “Барселона”, “Челси”, “Ливерпул”, “Тоттенхэм”, “Спортинг”, “Манчестер Сити”, “Арсенал” ва “Бавария” роҳ ёфта буданд.

Лигаи чемпионҳо. Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоӣ:

“ПСЖ” — “Барселона” / “Челси”;

“Галатасарой” — “Ливерпул” / “Тоттенхэм Хотспур”;

“Реал Мадрид” — “Спортинг” / “Манчестер Сити”;

“Аталанта” — “Арсенал” / “Бавария”;

“Нюкасл Юнайтед” — “Челси” / “Барселона”;

“Атлетико Мадрид” — “Тоттенхэм” / “Ливерпул”;

“Будё-Глимт” — “Манчестер Сити” / “Спортинг”;

“Байер”- Леверкузен — “Бавария” / “Арсенал” ;

Қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо 27 феврал баргузор мешавад. Маросим соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои даври 1/8 ниҳоии мусобиқаи имсола рӯзҳои 10–11 ва 17–18 марти соли 2026 баргузор хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки финали мусобиқа дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена” дар шаҳри Будапешт рӯзи 30 майи соли 2026 доир мегардад.