Ҳамаи мизбонони Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд
Бо анҷоми бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 миёни мунтахабҳои ИМА ва Белгия, ки бо пирӯзии 4:1-и “Девҳои сурх” анҷом ёфт, ҳар се кишвари мизбони мусобиқа аз идомаи рақобат бозмонданд.
Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар варзишгоҳи “Люмен Филд”-и шаҳри Сиэтл аз Белгия шикаст хӯрда, аз мусобиқа хориҷ шуд.
Қаблан дар ҳамин марҳила ду мизбони дигари мусобиқа низ аз идомаи рақобат маҳрум гардида буданд. Мунтахаби Канада бо ҳисоби 0:3 аз Марокаш мағлуб шуд, дар ҳоле ки мунтахаби Мексика дар бозии сахту сангин бо ҳисоби 2:3 аз Англия шикаст хӯрд.
Ҳамин тавр, аввалин бор дар таърихи Ҷоми ҷаҳон, ки се кишвар ҳамзамон мизбонии мусобиқаро бар уҳда доранд, ҳамаи мизбонон дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ аз мубориза канор рафтанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз 11 июн то 19 июл дар ИМА, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Ин аввалин Чемпионати ҷаҳон аст, ки бо формати нави 48 мунтахаб баргузор мегардад. Қаҳрамони феълии мусобиқа мунтахаби Аргентина мебошад.