Амали аҷиби довари бозии Тунис — Мали дар Ҷоми Африқо

Амали аҷиби довари бозии  Тунис — Мали дар Ҷоми Африқо

Довари асосии бозӣ миёни мунтахабҳои Тунис ва Мали то анҷоми вақти асосии бозӣ ду маротиба ҳуштаки ниҳоӣ кашид.

Ҳамин тариқ бозии Ҷоми Африқо миёни тимҳои миллии Тунис ва Мали (0:1) пеш аз вақти муайншуда анҷом ёфт ва дар ин бора нашрияи The Athletic хабар медиҳад.

Аз рӯи маълумоти сарчашма довари асосии бозӣ Жанни Сиказве нахуст дар дақиқаи 85-уми бозӣ ҳуштаки ниҳоӣ кашид, аммо пас аз он, ки дар бораи ин хатогияш ба ӯ гуфтанд, бозӣ дигарбора шурӯъ шуд. Баъдан довар пас аз оне  ҳуштак кашид, ки дастаҳо дар ҳоли бозикунӣ дар фурсати 89 дақиқаву 49 сонияи вақти бозӣ буданд. Дар варзишгоҳи Камерун, ки бозӣ мегузарад, вақти дақиқи бозӣ дар ягон ҷо нишон дода намешавад.

Ҳамчунин дар бозии мазкур довар бозингари мунтахаби Мали Эл Билол Туреро аз майдон ронд ва ду зарбаи пеналтӣ ҳам ба ҳардуи дарвозаҳо таъин карда буд. Бозигари мунтахаби Мали ва бошгоҳи норвегии “Сарпсборг 08” Ибраима Коне зарбаи 11-метраро ба гол табдил дода тавонисту ба дастааш пирӯзӣ овард, дар ҳоле, ки бозигари мунтахаби Тунис ва тими “Сент-Этйен”-и фаронсавӣ Ваҳби Хазри аз пеналтӣ гол зада натавонист.

Ҷоми миллатҳои Африқо. Гурӯҳи F

Тунис 0 : 1 Мали

Голҳо: Ибраима Коне