Амали ноаниқи Пеле ва бозии навбатии беголи африқоӣ

Амали ноаниқи Пеле ва бозии навбатии беголи африқоӣ

Дар доираи бозиҳои гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Африқо аллакай ҳамагон шоҳиди ҳаштумин бозии якгола шудаанд, ки ин пеш аз ҳама аз сатҳи пасти бозиҳои қоравӣ мегӯяд.

Мунтахаби футболи Судон дар доираи бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳӣ бозиро бидуни гол анҷом дод, дар ҳоле, ки Пеле дар фурсатҳои ахири бозӣ аз пеналтӣ гол назаду мунтахабаш Гвинея-Бисауро аз пирӯзӣ маҳрум кард.

Рушантарин ҳолати голии дидор ҳам маҳз голи ба самар расонида нашудаи бозингари "Монако" Пеле дар дақиқаи 82-юм гардид. Бозӣ бо ҳамин бо ҳисоби сифр бар сифр хотима ёфт.

Ёдрас мекунем, ки бозиҳои Ҷоми миллатҳои Африқо низ ба мисоли тартиби баргузории бозиҳои Евро гузаронида шуда, аз 6 гурӯҳ ба марҳилаи плей-офф 16 мунтахаб мебароянд: 12 – бо роҳхати мустақим (зинаҳои 1-ум ва 2-юм) ба 4 дастаи беҳтарин бо ишғоли мақоми сеюми гурӯҳи хеш.

Ҷоми миллатҳои Африқо. Гурӯҳи D

Судон 0 : 0 Гвинея-Бисау