Амалишавии лоиҳаи «Ҷудо дар мактабҳо» дар ноҳияи Данғара

Амалишавии лоиҳаи «Ҷудо дар мактабҳо» дар ноҳияи Данғара

Ҷудо дар мактабҳо ин навбат ба ноҳияи Данғара расид то аз байни ҷавонону наврасоне, ки дар ин ришта тамрин менамоянд варзишгарони бомаҳоратро барои дар оянда узви мунтахаби кишвар оид ба ҷудо гардидан, омода созад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ноҳияи Данғара аз зумраи он мактабҳо ба ҳисоб меравад, ки дар баробари омода сохтани хонандагони болаёқат ҳамчунин дар самти ҷалби наврасон ба варзиш корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Чун муассисаи мазкур дар замони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ сохта шудааст дар замони соҳибистиқлолии кишвар пурра аз таъмир бароварда шуда, баҳри ба варзиш машғул шадани хонандагон толори варзишии мавриди истифодаи хонандагони муассисаи мазкур қарор дода шудааст.

Боис ба зикр аст, ки варзишгарони муасиссаи мазкур дар чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуиявӣ иштирок карда ба гирифтани ҷойҳои намоён даст ёфтаанд. Амалишавии лоиҳаи мазкур, ки ҳамакнун дар тамоми манотиқи кишвар идома дорад, аз байни ин ҷудочиён беҳтаринҳоро интихоб карда, барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилал ва муарифии кишвар худ дар арсаи ҷаҳонӣ сафарбар мегарданд.

Сарчашма: https://judo.tj/