Ҷамъбасти Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ

Ҷамъбасти Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ

28-умин Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Пас аз анҷоми рақобатҳо ғолибон муайян гардиданд.

Мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2018, таҳти № 1 дар робита   ба шумораи иштирокчиёни сабқатҳои Лигаи олӣ ва низоми баргузории бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон   байни дастаҳои Лигаи олӣ дар соли ҷорӣ ба тасвиб расид. Мутобиқи қарори мазкур шумораи дастаҳои иштирокчӣ 8 дастаро ташкил дод. Дастаҳои "Истиқлол”, “Хуҷанд”, “Регар-ТадАЗ”, “КМВА Помир”, “Истаравшан”, “Кӯктош”, “Хатлон”, “Панҷшер” барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ талош карданд. Бозиҳо рӯзи 6 апрел оғоз гардида, дар 3 марҳила баргузор шуданд.

Дар доираи бозиҳои даври 17 Чемпионати Тоҷикистон бошгоҳи “Истиқлол” тими “Куктош”-ро бо ҳисоби 6:1 мағлуб намуда, қабл аз муҳлат маротибаи 8-ум унвони қаҳармонии Тоҷикистонро моли худ сохт. (27 сентябр) 


Тақдири   нишонҳои нуқра бошад, рӯзи 24 октябр баъди баргузории бозии мавқуфмондаи даври 13-уми Лигаи олӣ ҳаллу фасл шуд. Дар ин вохӯрӣ футболбозони “Хуҷанд” тими “Истаравшан”ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуда, қабл аз муҳлат барандаи нишонҳои нуқраи мусобиқот гардиданд.


Зинаи сеюмро дар соли 2019 бошад,  дастаи “Регар ТадАЗ” бо дарёфти  30 имтиёз  соҳиб шуд. 


Тибқи муқаррарот  дастае, ки дар зинаи охири ҷадвали  бозиҳо  қарор мегирад,  бевосита  аз  ҳайати дастаҳои Лигаи олӣ хориҷ мешавад.  Яъне ин маънои онро дорад, ки “Панҷшер”  рақобатро  дар Лигаи якум идома хоҳад дод.  Соҳиби  зинаи 7-ум, яъне  дастаи “Хатлон”  бо  ҷойгузини  мақоми дуюми  ҷадвали мусобиқоти Лигаи якум  2 вохӯрӣ анҷом медиҳад. Ғолиб  роҳхати  ширкат дар   Лигаи олиро дар соли 2020 ба даст меорад. Мусобиқоти  Лигаи якум  то ҳол ҷамъбаст нашудааст, бинобар ин ҳарифи “Хатлон”  ҳанӯз маълум нест.

Дар  84 вохӯрии доиргаштаи Лигаи олӣ ҳамагӣ  251 гол зада шуда,  ҳамлагари  бошгоҳи “Истиқлол” Шериддин Бобоев бо  задани 16 гол  нишонзани беҳтарини соли 2019 гардид. 

Умедворем, ки  соли оянда дар футболи касбии тоҷик ситораҳои нав нумуъ мекунанду рақобатпазирӣ дар Лигаи олӣ  бештар мегардад. Ҳамчунин  дастгирии мухлисон ва ҳузури  онҳо дар варзишгоҳҳо низ ҳарчӣ бештар мегардад.