Ҷамъбасти мусобиқаи шиноварӣ

Ҷамъбасти мусобиқаи шиноварӣ

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 15 ноябр дар «Қасри шиноварӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки шиноварони ватанӣ оғоз ёфта буд нимаи рӯзи 16-уми ноябр дар рӯзе, ки дар саросари мамлакат «Рӯзи Президент» таҷлил мешавад ҷамъбаст гардид.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқаи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини аввали раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ва шумораи зиёди дӯстдорони варзиши шиноварӣ ширкат намуданд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа варзишгарон аз намудҳои тарзи озод дар масофаи 50 метр, брасс дар масофаи 50 метр ва эстафетаи 4х50 метраи тарзи озод нерӯсанҷи карда беҳтаринҳо миёни мардон ва бонувон муайян шуданд. Ҳамин тавр шиноварон Ишонов Олим, Гадоев Ардашер, Махкамов Фахриддин миёни мардон, Тюрина Анастасия, Набиева Заррина, Климик Карина миёни бонувон дар намуди тарзи озод дар масофаи 50 метр, Хоркашов Рамзиёр, Муминшоев Шаҳзод, Махкамов Фахриддин, Климик Карина, Набиева Заррина, Холиқова Эмиля дар намуди брасс дар масофаи 50 метр ҷойҳои 1,2,3 ифтихориро ба даст оварданд. Дар намуди эстафетаи 4х50 метраи тарзи озод миёни мардон шиноварони дастаи Душанбе -1 пешсаф ва ҷоизадори мусобиқа шуданд. Ду зинаи баъдиро дастаҳои Душанбе-2 ва Суғд соҳиби карданд.

Раддабандии ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ, ки таи ду рӯз идома ёфт аз рӯи нишондиҳандаҳои варзишии ҳайати дастаҳо муайян гардид. Ҷойи аввалро дастаи шиноварони Душанбе-1, мақоми дуюм Душанбе-2 ва зинаи сеюми ифтихориро шиноварони вилояти Суғд ба даст оварданд.

Дар хотима аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба беҳтарин шиноварон медалу диплом ва Ҷоми мусобиқа такдим гардид.

Манбаъ: https://vkd.tj