Амин Қобилов - қаҳрамони нави Тоҷикистон оид ба шоҳмот
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи асосии шоҳмоти кишвар ба анҷом расид, ки беҳтарин шоҳмотбозонро гирд оварда, бо бозиҳои ҷолиб, рақобати шадид ва пирӯзиҳои сазовор хотирмон гардид.
Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни мардон ва бонувон тибқи нақшаи ягонаи тақвими чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 5 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар мусобиқа 72 иштирокчӣ аз тамоми кишвар ширкат варзиданд, ки аз онҳо 23 нафар занон буданд.
Аз рӯи натиҷаҳо ҷои 1-умро Амин Қобилов бо 6,5 хол аз 8 ишғол намуд. Ҷои 2-юмро қаҳрамони собиқ Алишер Каримов бо 0,5 хол камтар гирифт, ҷои 3-юм ба Ораш Шоназаров бо 6 хол насиб гардид.
Аз рӯи нишондиҳандаҳои иловагӣ ҷои 4-умро қаҳрамони амалкунандаи шаҳри Душанбе Қубот Мақсудшоев ва ҷои 5-умро Пайрав Қодирӣ ҳарду бо 6 холӣ ишғол намуданд.
Дар байни бонувон Насриддинзода Марворӣ ва Толибова Дилола холҳои баробар гирифтанд. Аз рӯи нишондиҳандаҳои иловагӣ тилло ба Насриддинзода Марворӣ , нуқра ба Толибова Дилола ва биринҷӣ ба Ҷумаева Шоҳсанам расид.
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот миёни мардон ва бонувон -2026
Шоҳмоти маъмулӣ (классикӣ)
Мардон:
1. Амин Қобилов
2.Алишер Каримов
3.Шоназаров Ораш
Занон:
1. Насриддинзода Марворӣ
2.Толибова Дилола
3.Ҷумаева Шоҳсанам
Шоҳмоти зудбозӣ (Рапид)
Мардон:
1. Амин Қобилов
2.Исоев Ҷамшед
3.Шоназаров Ораш
Занон:
1.Антонова Надежда
2.Насриддинзода Марворӣ
3.Маҳмудова Нозанин
Шоҳмоти барқвор (Блитс)
Мардон:
1. Алишер Каримов
2.Мусави Саид Милод
3.Пайрав Қодирӣ
Занон:
1.Саидова Рухшона
2.Масҳабова Шукрона
3.Толибова Дилола
Ҳамаи ғолибон ва ҷоизадорон бо медал, ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.