Ҳамкории ТВ «Варзиш» ва ширкати Coca-Cola ҷоннок мешавад

Ҳамкории ТВ «Варзиш» ва ширкати Coca-Cola ҷоннок мешавад

ТВ "Варзиш" шабакаи сартосарии варзишиест, ки мақсаду ҳадафашро тарғиби тарзи ҳаёти солим ва инъикоси чорабиниҳои варзишии дохил ва хориҷи кишвар ташкил медиҳад. Роҳбарияти Муассисаи давлатии ТВ “Варзиш” аз рӯзи аввали фаъолият кӯшиш мекунанд, то дар такя ба кормандон ва мутахассисони ҷавон барномаҳои худро дар сатҳи баланд таҳия намоянд. Барои боз ҳам беҳтар шудани шароити корӣ Муассисаи давлатии ТВ “Варзиш”   ҳамкориҳояшро бо ширкати шинохтаву машҳури “Coca-Cola” вусъат мебахшад. Имрӯз, 4-уми май дар Муассисаи давлатии ТВ “Варзиш” директори он Парвиз Нориён бо намояндаҳои ширкати “Coca-Cola” ва роҳбари тозаинтихоби ин ширкат Сунай Шанли дидор анҷом дод. Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои ҳамкории тарафайн баррасӣ гардид. Минбаъд ТВ “Варзиш” ва ширкати Coca-Cola ҳамкории судманди худро идома дода, дар фаъолияти минбаъдаашон ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд.