Ҳамлагари “Ал-Ҳилол” дар бораи гузариши эҳтимолии Месси ибрози назар кард

Ҳамлагари “Ал-Ҳилол” дар бораи гузариши  эҳтимолии Месси ибрози назар кард

Ҳамлагари тими “Ал-Ҳилол” - Одион Игало дар мавриди гузариши эҳтимолии ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ изҳори назар кард.

"Албатта, Месси хурсанд мешавад. Ман умедворам, ки ин ба зудӣ ба воқеият табдил меёбад. Бо Месси бозӣ кардан орзуи зебои ҳар як бозигари ҷаҳон аст. Ӯ яке аз беҳтаринҳо  дар сайёра аст. Агар ин рӯй диҳад, ин барои ман як шарафи бузург ва имкони олие хоҳад буд, ки дар як соҳа бо як нобиғаи футбол  бозӣ кунам. Вай як бозигари махсус бо хислатҳои вижа  аст.

Ҳузури ӯ маро як бозигари беҳтар мегардонад ва ба ман имкон медиҳад, ки дар ҳайати  дастаи “Ал- Ҳилол” голҳои зиёде занам. Албатта ӯ ба мо кӯмак мекунад, ки дар Арабистони Саудӣ ғолибиятҳои бештарро  ба даст орем. Ин як эҳсоси афсонавӣ хоҳад буд ва ман дар ҳақиқат бесаброна интизорам, ки дар баробари ӯ бозӣ кунам. Биёед интизор шавем ва бубинем, ки вазъ чӣ гуна мешавад " ба  Sky Sports – Игало гуфтааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Хорхе Месси, падар ва агенти Лионел, бо тими “Ал-Ҳилол”  дар бораи интиқоли эҳтимолии писараш ба дастае  бо маоши тақрибан 300 миллион евро дар як мавсим музокира мекунад.