Ҳамлавари ҷавони “Палмейрас” таҳти таваҷҷӯҳи абардастаҳои аврупоӣ

Ҳамлавари ҷавони “Палмейрас” таҳти таваҷҷӯҳи абардастаҳои аврупоӣ

Ба ҳамагон рӯшан аст, ки Бразилия таъминкунандаи аслии футболбозони моҳиру таърихсоз буда, абардастаҳои аврупоӣ пеш аз ҳама чашм ба бозори Амрикои Ҷанубӣ ало мекунанд. Ҳамзамон “Реал” ва “Ливерпул” нисбати ҳамлавари 15-солаи «Палмейрас» Эндрик таваҷӯҳ кардаанд. Эндрик фурсатҳои ахир маҳорати худро дар майдонҳои футбоӣ баръало нишон дода, чанде пеш ду голи зебоеро дар бозии чемпионати ҷавонони   “Сан-Паулу” ба самар расонида буд. Футболбози ҷавон 165 гол дар 169 бозиҳои дастаҳои мухталифи «Палмейрас» вориди дарвозаҳои ҳарифон намуда, бо ҳамин таваҷҷӯҳи абардастаҳои аврупоиро нисбаташ ҷалб намуд.

Дар миёни чунин иштиёқмандон на танҳо мадридиҳову мерсисайдҳоянд, балки ҳамчунин   “Барселона” , “МЮ” ва “Сити” мушоҳида мешаванд, ки дар хусуси гузариши Эндрик гуфтушунидҳо доранд.