Амрико ва Чин ба финали ЧҶ оид ба баскетбол роҳ ёфтанд!

Амрико ва Чин ба финали ЧҶ оид ба баскетбол роҳ ёфтанд!

Бозиҳои даври ниманиҳоии Чемпионати Ҷаҳон оид ба баскетбол миёни мунтахабҳои занона имрӯз дар шаҳри Сиднейи кишвари Австралия доир шуд. Мунтахабҳои Амрико бо Канада ва Чин бо Австралия барои роҳ ёфтан ба финали мусобиқа талош варзиданд.

Дар бозии аввали ниманиҳои ноиб қаҳрамони мусобиқа мунтахаби Амрико бо ҳисоби 83:43 (27:7, 18:14, 22:8, 16:14) дилпурона баскетболбозбонувони Канадаро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ мизбони мусобиқа мунтахаби Австралия бо ҳисоби 59:61 аз мунтахби Чин мағлуб шуданд.

Ҳамин тавр,  барои ба даст овардани Ҷому нишонҳои заррини мусобиқа баскетболбозбонувони Амрико бо Чин сабқат мекунанд. Барои нишонҳои биринҷӣ Австралия бо Канада мубориза мебарад.

Бозиҳои ниҳоӣ рӯзи 1-уми октябр доир мегарданд.