Ҷанҷол дар варзишгоҳи "Уэмбли" пас аз финали Лигаи Чемпионҳо

Рӯзи шанбе, 1-уми июн дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и шаҳри Лондон «Реал Мадрид» дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бар «Боруссия»-и Дортмунд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Пас аз анҷоми бозӣ футболбозони тими шаҳри Мадрид дар майдон мунтазири аъзоёни оилаи худ буданд. Аммо, хадамоти амнияти УЕФА ва варзишгоҳи “Уэмбли” сарфи назар аз иҷрошавии талаботҳои махсуси амниятӣ аъзоёни оилаи бозигарони “Реал Мадрид”-ро ба воридшавӣ ба майдони варзишгоҳ иҷозат надоданд.
Гап сари он мерафт, ки гӯе меҳмонони махсуси бошгоҳи испанӣ барои оврид шудан ба ин минтақаи варзишгоҳ иҷозатнома надоштаанд. Дар натиҷа ин қазия ҳатто тоба муноқиша ва як занозании хурд ҳам расид, менависад Marca.
Билохира аъзоёни оилаи бозигарони “Реал Мадрид” аз минтақаи дигар вориди майдони варзишгоҳ шуданд ва тавонистанд шарики шодии пайвандони хеш баъди анҷоми бозии финалии Лигаи Чемпионҳо шаванд.